Сеш, 08/07/2018 - 10:51
3-юми августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз нишасти матбуотии раиси ноҳия бо намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовинҳои раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзиданд.
Пан, 08/02/2018 - 12:15
Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар 6 моҳи сипарӣ гардида чорводорони ноҳия аҳлона меҳнат карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.Дар ин давом истеҳсоли маҳсулоти чорво афзуд.
Пан, 08/02/2018 - 12:14
Кишоварзони ноҳия бо мақсади оқилонаю самаранок истифода бурдани обу замин, ба даст оварани на камтар аз ду ҳосил аз як замин аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, дар ҳамаи майдонҳои дар ихтиёр доштаашон кишти такрории зироатҳоро таъмин намуданд. Тибқи маълумоти ироа кардаи Раёсати кишоварзии ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 4545 гектар буда, иҷрои он 4875 гектар таъмин карда шудааст, ки аз он 2199 гектараш дар бахши аҳолӣ ва 2676 гектар дар бахши ҷамоавӣ мебошад
Пан, 08/02/2018 - 12:07
Дар ноҳияи Шаҳритуз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ хеле зиёд буда, яке аз машҳуртарини онҳо мадрасаи Хоҷа Машҳад мебошад, ки дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ҷойгир аст ва ба асрҳои 9-11 тааллуқ дорад. Ба ақидаи олимон ин ёдгории таърихӣ дар Осиёи Миёна назир надорад.
Pages
|