Душ, 08/20/2018 - 16:58
Мардуми фарҳангсолори тоҷик аз қадим бо доштани китобхонаҳои бою ғанӣ машҳури олам буданд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳамаи подшоҳони пешинаи мо китобдори худро манзалат медоданд. Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд, ки “барои ба хазинаи ганҷ расидан бояд аввал роҳи китобхонаро убур намоӣ”. Дар ин росто Паёмбари барҳақи Ислом низ фармуданд, ки “Илм агар дар Сурайё бошад, онро мардуми Форс пайдо менамоянд”. Ин шараф, ин дастовард, ин ифтихор ҳеҷ гоҳ бе хондани китоб ва андӯхт
Душ, 08/20/2018 - 16:37
Рӯзи 16 август тибқи Амри раиси вилояти Хатлон гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даст задан ба ҷиноят ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф овард.
Сеш, 08/07/2018 - 11:20
Рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии нав ба истифода додашудаи боғи фарҳангию фароғатии ноҳия раиси ноҳия Р. Оймаҳмадзода баромад карда, аҳли ҷомеа ва бахусус иштирокчиёни мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурдро самимона табрику таҳният гуфта, барои ба даст овардани «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз» ба ҳамаашон барору комёбӣ орзу кард.
Сеш, 08/07/2018 - 10:54
5 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳия дар доираи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лигаи дуюм оид ба футбол байни дастаҳои футболи «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз ва «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қувваозмоӣ сурат гирифт. Бозӣ аз ибтидо то интиҳо тезу тунд ва шавқовар идома ёфта, дар ҷамъбаст соҳибони майдон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Сеш, 08/07/2018 - 10:51
3-юми августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз нишасти матбуотии раиси ноҳия бо намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовинҳои раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзиданд.
Пан, 08/02/2018 - 12:15
Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар 6 моҳи сипарӣ гардида чорводорони ноҳия аҳлона меҳнат карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.Дар ин давом истеҳсоли маҳсулоти чорво афзуд.
Pages
|