Main menu

Оғози кишти пунбадона

Кишоварзони ноҳияи Шаҳритуз ҳар сол  дар соҳаи пахтакорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар вилояту ҷумҳурӣ яке аз нахустинҳо шуда, аз иҷрои нақшаи ғунучини ҳосили “тиллои сафед” мужда мерасонанд. Имсол ҳам онҳо мақсад доранд, кишти пунбадонаро дар масоҳати  5250 га тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, барои неш задану сабзиши он аз тамоми  чораю тадбиру имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

Ҳеҷ овозе нест

Сайри таърихии ёдгориҳои фарҳангии ноҳияи Шаҳритуз Хоҷа Машҳад нишонае аз ниёгони тамаддунофари тоҷикон

Асрҳои 9-10 даврони тиллоии тамаддуну фарҳанги миллати мо ба ҳисоб меравад.Таърих гувоҳ аст, ки маҳз ба шарофати сулолаи Сомониён бахусус  бо  роҳбарии марди ботадбиру шуҷоатпешаю бохирад Шоҳ Исмоили Сомонӣ давлати паҳновару муқтадири тоҷикон  арзи ҳастӣ намуда, баробари инкишофи иқтисодиёту ривоҷи савдо бо мамолики хориҷӣ барои илму фарҳанги тоҷик низ заминаи мусоид муҳайё гардид.

Ҳеҷ овозе нест

Тоҷикистон – маҳди тамаддун, намод аз сулҳ, субот ва тавсеа дар минтақа Сафаргуфтаҳои равшанфикри афғонистонӣ

Мақола тавассути муҳандис Эҳсонулло Ҳомӣ

Ҳеҷ овозе нест

Тантана

          Рузи -23-юми феврали соли 2018 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, намояндагони афсарону   сарбозони қисмҳои низомии 0305, 02214, мақомоти ҳифзи ҳуқуқуқ, ҷавонон ва қишрҳои дигари ҷомеаи ноҳия бахшида ба ифтихори 25-умин солгарди таъисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади ботантана доир гардид.

Ҳеҷ овозе нест

Сарбозону афсарони содиқи Ватан, ҳозирини гиромӣ!

   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рукнҳои асосӣ ва устувору қавии давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон буда, баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тозабунёди миллии мо бо мақсади ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр  ташкил гардида, дар зарфи 25 сол роҳеро тай кардааст, ки пур аз саҳифаҳои шуҷоат, далерӣ ва қаҳрамонӣ аст. 

Миёна: 5 (1 овоз)

Таъмини амният дар сархати масъалаҳои мубрами рӯзи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, соле, ки сипарӣ гашт, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд.

Миёна: 5 (1 овоз)

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз