- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Иттилоъ оиди Иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум)
Душ, 12/16/2019 - 13:14
12-уми декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) доир гардид. Иҷлосияро муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз Меҳринисо Раҷабзода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки аз 40 нафар вакилони халқи ноҳия 3 нафарашон бо сабабҳои узрнок ҳузур надоранд. Инчунин зикр гардид, ки дар кори иҷлосия муовини раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомони намозҳои панҷвақта ва масҷидҳои ҷомеи ноҳия, масъулони ҳифзи ҳуқуқ низ даъват шудаанд.
Сипас вакилон котиботи иҷлосияро дар ҳайати Р.Мавлонов (вакил аз ҳавзаи интихоботии №30)-раиси котибот, Ҳ.Абдусамадов (вакил аз ҳавзаи интихоботии №5), Т.Нурбоев (вакил аз ҳавзаи интихоботии №37)-аъзои ҳайати котибот интихоб намуданд.
Дар иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
Рўзномаи иҷлосия
1.Ҳисоботи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз дар соли 2019
2. Дар бораи иҷрои буҷети ноҳияи Шаҳритуз дар соли 2018 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2020.
3.Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохти ҳатмии андозҳои маҳаллии алоҳидаи ноҳияи Шаҳритуз барои соли 2020.
4.Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз барои соли 2020.
5. Дар бораи ташкил намудани Комиссияи ноҳиявии интихобот ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз даъвати шашум
6. Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз
7.Тасдиқи қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Шаҳритуз
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор бо бо ҳисобот “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020” баромад кард. Сипас вобаста ба ҳисоботи ироа гардида раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз С. Қурбонова ва сардори раёсати кишоварзии ноҳия Н.Очилдиев, раиси кумитаи замини ноҳия Ҷумаев ба музокира баромаданд.
Сипас мудири шуъбаи молияи ноҳия О.Қаноатшозода “Дар бораи нақшаи буҷети ноҳияи Шаҳритуз дар соли 2020 ва иҷрои буҷет дар соли 2018” ва сардори нозироти андози ноҳияи Шаҳритуз И.Мансурзода “Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохти ҳатмии андозҳои маҳаллии алоҳидаи ноҳияи Шаҳритуз барои соли 2020” дар назди вакилон бо ҳисобот баромад карданд. Ҳамзамон дар рафти иҷлосия вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз барои соли 2020-ро тасдиқ намуданд.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Р.Музаффариён Дар бораи ташкил намудани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз даъвати шашум иттилоъ ироа кард. Сипас аз рӯи масъалаи 6-уми иҷлосия “Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз” вакили халқи ноҳия, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз даъвати шашум А.Носирзода баромад кард.
Вобаста ба масъалаи 7-уми рӯзномаи иҷлосия вакилон қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Шаҳритузро тасдиқ карданд.
Дар анҷом вакилон доир ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар кори иҷлосия сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Д.Исозода ба ҳайси намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштироку баромад кард.