Main menu

Мулоқоти гуруҳи корӣ

       Рӯзи 6 декабри соли ҷорӣ  як гуруҳи кории баландпоя аз ҷумҳурию вилояти Хатлон  озими ноҳияи Шаҳритуз шуда, дар Қасри фарҳанги ноҳия бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, масъулони интихобот  ва дигар қишрҳои ҷомеаи ноҳия  мулоқоту суҳбат доир намуданд.

     IMG_1722.JPG Ҷамъомадро  муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода  ифтитоҳ намуд. Сипас коршиноси Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Раҷабзода, муовини прокурори вилояти Хатлон Ҷ.Ҳайдарзода, муовини сардори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон А.Абдураҳмонзода, намояндаи Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Д.Неъматов ва сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Муродова бо мақсади баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои  террористию экстремистӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳушёрии сиёсӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа ва ғайра  суханронӣ ва баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

      Ҳамзамон аз ҷониби гуруҳи корӣ ба иштирокчиёни  чорабинӣ китобчаҳои  «Зуҳуроти зӯроварӣ дар оила тавассути саволу ҷавоб» ва «Дастурамал оид ба ташмил намудани чорабиниҳо вобаста ба мушкилоти зӯроварӣ дар оила бо мақсади баланд бардоштани савияи маълумотнокии аҳолӣ дар маҳалҳло» пешкаш гардид.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз