Main menu

Ҳуқуқ ва имконият

            Ба наздикӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия  мулоқоти  муовини аввали раиси суди  вилояти Хатлон Темур Бойзода, муовини раиси суди   вилояти Хатлон  Сайфиддин Муҳиддинзода  бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони бунгоҳҳои тиббӣ ва аҳли ҷомеаи ноҳия    баргузор гардид.   

             Т.Бойзода ва  С.Муҳиддинзода зимни суханрониҳояшон нахуст аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оиди риояи қонун ва тартиботи қонунӣ аз ҷониби шаҳрвандон, волоияти қонун,  пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ  дар ҷумҳурӣ ва ҳамзамон  дар миқёси вилоят ёдовар шуданд. Сипас дар мисоли  ноҳияи Шаҳритуз дар такя ба маълумоти пешниҳод  намудаи раиси суди ноҳияи Шаҳритуз Х.Зуҳуриён  аз   афзоиши ҷинояткорӣ     дар ноҳияи Шаҳритуз изҳори нигаронӣ карданд.  

             Қайд гардид, ки дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ  ба суди ноҳия 123   парвандаи ҷиноятӣ   ворид гардидааст. Аз ин миқдор 13 парванда оиди қаллобӣ, тасарруфи молу мулки шаҳрвандон мебошад. 12 парванда ҷинояти дуздӣ нисбати 12 нафар аз он ҷумла 3 нафар зан, 3 нафар кӯдак мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Дар ноҳия бо моддаи 237 КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон  -Авбошӣ ё худ дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати 16 нафар 13 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Вобаста ба талаботи моддаи 481   КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон-Риоя накардани  тартибу низом дар баргузории ҷашну маросимҳо   низ парвандаҳои зиёде баррасӣ гардидааст, ки дар маҷмуъ нисбат ба теъдоди парвандаҳои дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон 13 адад бештар мебошад. Нисбати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯрӣ ва таҷовуз ба номус ҳам теъдоди муайяни парвандаҳо ба суди ноҳия ворид гардидаю баъди баррасии ҳаматарафа   152 нафар  «огоҳӣ»    гирифтаю 131 нафар ҷаримабандӣ гардидаанд.

               Т.Бойзода ва  С.Муҳиддинзода доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории     Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла  вобаста ба ҳолати мастӣ дар сари чанбараки нақлиёт нишастани ронандагон,  навъҳои ҷазоҳо барои   дар ҳолати мастӣ  рондани нақлиёт, қисмату иловаи   нав ба моддаи 212-и  КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  дар    Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ  ибрози назар карданд. Онҳо  инчунин доир ба ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври муассир ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ барои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, баҳсҳо гражданӣ доир ба масъалаҳои оиладорӣ ва ғайра   андешаю пешниҳодоти хешро ироа карданд.   

                Дар фароварди мулоқот иштирокчиёни чорабинӣ ба саволҳои сершумори худ оиди мерос, меросхӯрон, тақсими мерос, доир ба намуди ҷазо барои саркашии ҷавонон аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ва саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, сертификати ҳуқуқи замин, вазифаю масъулияти саҳмдор дар   хоҷагии деҳқонӣ, никоҳ ва барпо кардани оила, бекор кардани ақди никоҳ  ва монанди инҳо аз ҷониби муовинҳои суди вилояти Хатлон посухҳои мушаххас   пайдо намуданд. 

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз