Main menu

“Нақши оила дар рушди сайёҳӣ”

          Санаи  31-уми октябри соли 2018  дар ноҳияи Шаҳритуз  барномаи  сиёсӣ фарҳангӣ таҳти унвони “Нақши оила  дар рушди сайёҳӣ”   бо иштироки  сардори шуъбаи Раёсати  Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисон З. Сафарзода, мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати  Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисон Г. Давлатзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М. Раҷабзода, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шаҳритуз Ф. Раҷабзода мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз  барузор гардид.  Дар чорабинии мазкур ҳунармандони мардуми аз қабили дуредгар,  ресанда, бофанда, кашидадӯз, кулолгар, сандуқсоз инчунин маҳсулоти ватании  корхонаи атласу адрасбароии “ДУК” дар ноҳияи Шаҳритуз ва ғайра  аз ҳар гуши ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дасти худро ба марази тамошо гузоштанд.

         IMG_2755.JPG Чорабиниро сардори шуъбаи Раёсати  Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисон З. Сафарзода, бо  маърузаи худ ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки  чун сухан аз оила меравад бояд зикр намуд, ки асоси ҳастии  миллат ва рушду нумуи давлат аз оила оғоз мегардад ва неруи  оилаи солим  метавонад зиндагии инсонҳоро то ба маҷрои  зарур то ба манзили  муроду паймонҳо бурда расонад. Чунонеки мегуянд ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад.  Ва мо низ ҳамчун як  ҷузве вз ҷомев бояд барои бунёд намудани  оилаи солим ва пойдор мондани он  тамоми саъю талоши худро намоем, чун ҳеҷ як нафар бе доштани оилаи солим комил намегардад.  Дар ин росто бақия аҳли раёсат изҳори ақида намуданд.

          

  IMG_2779_0.JPG  Зимни  чорабинӣ аз тарафи бахши Сабти Асноди Ҳолати Шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритуз  ба чаҳор оилаи навбунёд туҳфа ва  шаҳодатномаи ақди никоҳ  супорида шуда, ба фаъолони ноҳия  ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар рушди маърифати оиладорӣ миёни ҷавонон  ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

          Дар поёни барнома ҳунармандони қасри фарҳнги ноҳия  бо созу навои дилнишини худ хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

"Субҳи Шаҳритуз"

Миёна: 3 (2 votes)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз